image

Аксияи “Тозагии соҳил” дар дарёи Душанбе

date_range25.09.2023, 10:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye512

Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби теъдоди зиёди донишҷӯён аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соҳили дарёи Душанбе, Аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.

Ҳар инсон дар масъалаи ҳифзи муҳити зист нақши бағоят муҳим дошта, маҳз тозагиву покизагии гирду атроф аз заҳмати худи ӯ ба даст меояд. Аксияи “Тозагии соҳил” дар тарафи рости дарёи Душанбе доир карда шуд. Беш аз 200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба гурӯҳҳо тақсим шуда, тозакориро шуруъ карданд. Дар ин чорабинии экологӣ донишҷӯён масофаи зиёдтар аз 160 метр соҳилро аз партовҳои сахти маишӣ полиэтиленӣ ва алавҳои бегона тоза намуданд. Дар аксияи “Тозагии соҳил” ҳамчунин ихтиёриён низ дар тоза кардани як гӯшаи диёр саҳм гузоштанд.

Ҷараёни Аксияи “Тозагии соҳил” муайян кард, ки аксари партовҳо дар соҳилро партовҳои сахти маишӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд. Бо роҳандозии ташаббусҳои созанда дар пойтахт, ҳусни Душанбешаҳр бамаротиб зеботар мегардад. Бо дарки ин маънӣ кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе корҳои ободониро дар шаҳраку маҳаллаҳо низ ба роҳ мондаанд. Зеро тоза озода нигоҳ доштани маҳалли зист, ҷойи кор ва кӯчаю хиёбон дар умум тозагии шаҳр мебошад:

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"