image

“Дар масири рушд: аз истеъод то нобиға”- баргузории Конференсияи илмӣ – амалӣ бо чунин унвон дар шаҳри Душанбе

date_range25.09.2023, 10:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Қабл аз баргузории Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Дар масири рушд: аз истеъод то нобиға” муовини варзири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, масъулини Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дигар иштирокчиён аз маҷмӯи намунаҳои ихтирооти хонандагони боистеъдод ва нобиғаҳои наврас дидан карданд. Хонандагони лаёқатманд дастгоҳу таҷҳизоти ихтироъкардаи худро ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуданд. 

Дар идомаи боздид ҳамзамон дастоварҳои технологӣ, рақамӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи маориф ва илм ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд, ки дар оянда ба таври васеъ кормандони соҳаи маориф метавонанд истифода намоянд.

Дар ҷараёни Конференсияи илмӣ – амалӣ ” таҳти унвони “Дар масири рушд: аз истеъод то нобиға”, ки дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид, муовини варзири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Назар аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакони лаёқатманро захираи тиллоии миллат ном мебаранд.

Дар идомаи Конференсияи илмӣ – амалӣ гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва дастгири ва рушди хонандагони боистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбиявӣ равона карда шудааст.

Дар Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Дар масири рушд: аз истеъод то нобиға”, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони мактабҳои шаҳру вилоят ва навоҳии ҷумҳурӣ иштирок доштанд, андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таклифу пешниҳодоти худро баён намуданд. Иштирокчиён оид ба методу усулҳои ҷалби хонандагон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо суханронӣ карда, ҷиҳати шаффов доир шудани ҳар озмуну олимпиадаҳо таъкид намуданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"