Мулоқот оид ба натиҷаи санҷиши таъмини иҷрои "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
Дар толори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони раёсати андоз мулоқот доир гашт.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки таҳлили ҳолати таъмини иҷрои "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" нишон дод, ки масъулини раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи мазкур дар давраи санҷиши (2022 - 2023), корҳои муайяне ба анҷом расонидаанд.
Таъкид рафт, ки омӯзиши нақшаҳои кории нозиротҳои андоз дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе нишон дод, ки ҳарчанд сохторҳои зикргардида дар доираи нақшаҳои кумита ва раёсат нақша чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ намуда бошанд ҳам, чорабиниҳои заруриро танҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти болоӣ анчом додаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар асоси банди 2 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхона, муссиса ва ташкилотҳои дигар новобаста аз шакли моликият вазифадор гардидаанд, ки аз ҳисоби роҳбарони аввал ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегия шахси муттасадӣ муайян намоянд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ