image

Баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт

date_range25.09.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Дар кишвар бо ташаббусу дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳо амал мекунанд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи онҳост. Даври шаҳрии озмуни мазкур дар МТМУ №101 оғоз гардид. Дар маросими оғози даври шаҳрии озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагон аз вазорату идораҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок доштанд.

Зимни суханронии масъулин доир ба дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат сухан рафт. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар якчанд озмунҳо амал мекунанд, ки барои тақвияти донишу маҳорати ҳама қишри ҷомеа кӯмак карда, бадин васила барои шинохт ва муаррифии осори гузаштагон ва фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик заминаи хубе мегузорад.

Тибқи иттилоъ озмун имсол бо якчанд имкониятҳо роҳандози гардида истодааст. Ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмуни мазкур соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ ба 84 адад расид.

Ҳамин тавр иштирокчиёни даври шаҳрии озмун маҳорату малакаи хешро ба аъзои ҳакамон нишон доданд.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт то 30-сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"