image

Даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид

date_range26.09.2023, 09:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye344

25-уми сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки он то охири ҳафта идома меёбад.

Барои муайян кардани ғолибон дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн даври ниҳои озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷкистон-Ватани азизи ман” оғоз гардид. Тибқи иттиллои масъулин дар ин давра зиёд аз 500 нафар ғолибони даврҳои ибтидоӣ иштирок доранд.

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 91 нафар, вилояти Хатлон 115 нафар, аз вилояти Суғд 115 нафар, шаҳри Душанбе 108 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифта ҳамакнун барои ғолибият дар ин давр байни ҳам рақобат мекунанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли панҷум аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доир мегарад. Дастандаркорон баргузори ин тадбири фарҳангиро ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд иқдоми саривақтӣ медонанд.

Ҷойи зикр аст, ки даври ҷамъастии озмун давоми чанд рӯзи дагар шари Душанбе идома меёбад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"