Дар Агентии омор ҳамоиши маърифатии «Ватандӯстӣ – омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ” доир гардид
Бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар корхонаву ташкилоти гуногун пайваста чорабиниҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад. Зимнан дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ – омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши маърифатии «Ватандӯстӣ – омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ”, ки дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, роҳбарият, кормандони Агентӣ ва сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок доштанд.
Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, доир ба тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватан, хизмати содиқонаю фидокорона ба халқу Ватан, ки аз вазифаҳои муҳимтарин дар низоми таълиму тарбия ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуд. Инчунин таъкид гардид, ки дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккулу рушди худшиносии миллӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳимояи Ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат хизмат намояд.
Меҳмони чорабинӣ дар бораи мафҳуми ватандорию ватандӯстӣ ибрози андеша намуда, бо асноду далелҳои рушани таърихӣ аз соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва дорои таърихи чандинҳазорсола будани миллати тоҷик ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ташаккули худшиносӣ вобаста аст ба он, ки шахс бо таърихи гузаштаи аҷдоди хеш то кадом сатҳ ошноӣ дорад. Маълумоти кофӣ доштан аз таърихи гузашта дар шахс худшиносиро ба вуҷуд оварда, ҳувияти ватандориро қавӣ мегардонад.
Ҳамзамон дар мавриди ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари азизамон изҳор шуд, ки дар воқеъ ин иқдомҳо дар муаррифиву шинохти кишвари соҳибтамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина гузошта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сарвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷаҳониён шинохтанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ карда шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ