Оғози мавсими 86-уми театрӣ дар «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ»
23 сентябри соли равон дар «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» мавсими нави 86-уми эҷодӣ бо баргузории галаконсерти байналмилалӣ оғоз гардид. Сараввал меҳмононро директори театр Камолиддин Сайфиддин меҳмононро бо оғози мавсими нави байналмилалӣ шодбош намуд. Дар ин мавсим ҳунармандони шинохтаи дохилӣ ва хориҷӣ бо барномаи наву ҷолиб хотири ҳаводорони санъати театриро шод намуданд.
Дар барномаи консертӣ овозхонони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Россия ва Молдова баромад намуданд. Барнома бо валси оҳангсози тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов “Зумрад” оғоз гардид.
Дар консерт солистони операи ватанӣ Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Шарофат Усмонзода, Анжелика Тиман, Манучеҳр Раҳмонов, Достон Холов, Мария Мирзоева ҳунарнамоӣ карданд. Баромадҳои вокалии хор таҳти роҳбарии Артисткаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Елена Тиллоева сазовори диққати махсус гардид. Омадани ҳунармандони Россия, Молдова ва Узбекистон натиҷаи тавофуқҳое аст, ки чанде пеш дар пойтахти шимолии Россия дар ҳошияи Форуми «Иттиҳоди санъатҳои академӣ ҳосил шуда буд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ