Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар шаҳри Душанбе
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёди хонандагон, донишҷӯён ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахти мамлакат роҳандозӣ шуд.
Дар оғоз муовини Раиси МИҲД шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, иброз дошт, ки шахсияти Мавлоно Ҷалололиддини Балхӣ боиси ифтихор ва сарафрозии мо-тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва қудрати эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 40 нафар роҳандозӣ шуд. Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳоли ҳозир амри зарурист.
Ёдовар мешавем, ки созмондиҳандагони озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, МИҲД шаҳри Душанбе, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ