Маҳфили «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар баробари фаъолият дар самти таъминоти китоб ҳамзамон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон марказ ва маҳфилҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки аз ҷумлаи фаъолтаринҳои он Маркази «Тоҷикшиносӣ» ба ҳисоб меравад. Маҳифли навбтаии ин марказ бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Номбурда доир ба маҳфили «Тоҷикшиносӣ» ва мавзуҳои интихобшуда суханронӣ намуд.
Дар ин маҳфил номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода атрофи таърихи таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ дар ҷаҳон, аҳамияти ҷаҳонии сиккаҳои сомонӣ, нақши сиккаҳо дар шинохти Давлати Сомониён, топографияи сиккаҳои сомонӣ ва инчунин ҷойгоҳи ин сиккаҳо дар таҳкими ҳуввияти миллӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандон дар васфи Ватан сурудҳои рангину ҷолиб пешкаш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Тоҷикшиносӣ” ва мавзӯъҳое, ки дар он таҳлилу баррасӣ мешаванд, дар бедории маънавии миллӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, хусусан барои ҷавонон амри зарурӣ ва саривақтист.
Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар он олимон ва шахсиятҳои шинохтаи мамлакат ширкат ва суханронӣ мекунанд.
Иштироккунандагон вобаста ба мавзӯҳои рӯз дар самти “Тоҷикшиносӣ” ва таърихи куҳани миллат суханронии илмӣ мекунанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ