Ифтитоҳи нуқтаи шустани троллейбусҳо
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарии шаҳри Душанбе дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» нуқтаҳои шустани нақлиёти барқӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Иқдоми мазкур идомаи корҳои созандагӣ дар соҳаи нақлиёт буда, ҳадафи роҳандозии он мукаммал гардонидани инфрасохтори хизматрасонӣ дар самти ҳамлу нақли мусофирон арзёбӣ мегардад.
Дар доираи татбиқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофирбарии пойтахт, дар ККВД «Троллейбус», муассисаи як ва дуюм нуқтаҳои шустани нақлиёти барқӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Баҳрабардорӣ аз нуқтаи шустани нақлиёти барқӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳолати экологӣ ва тоза ба роҳ баромадани троллейбусҳо таъмин гардад. Агар то имрӯз ҳар адад троллейбусҳо дар муддати беш аз 10 дақиқа шуста мешуданд, ҳамакнун бо мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаҳои наву замонавии шустани нақлиёт як нақлиёти барқӣ бо дарозии 12 метр дар як дақиқа шуста мешавад.
Масъулини ККВД «Троллейбус» мегӯянд, таҷҳизоти нуқтаҳои шустани троллейбусҳо истесҳоли Федератсияи Россия буда, ҳамзамон мутахассисони рус муҳлати корӣ ва нигоҳдории онро давоми ду сол зери назорат қарор медиҳанд. Дар раванди кор агар рафту кадом мушкили техникие ба вуҷуд омад, мутахассисон нуқсро бартараф мекунанд.
Дар ин замина ёдрас мешавем, ки нуқтаҳои шустани нақлиёти барқӣ дар ККВД «Троллейбус», ки давоми 30 соли охир корношоям буд, имрӯз бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дигарбора эҳёву коршоям ва азнавсозӣ карда шуд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ