Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба каратэ-киокушинкай бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ
Бахшида ба солгарди 32-уми Истиқлоли давлатӣ ва таҷлилӣ бошукӯҳи Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷахонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба каратэ-киокушинкай бо иштироки васеи варзишгарон доир гардид.
Дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба каратэ-киокушинкай беш аз 70 тан варзишгарон аз донишгоҳу донишкадаҳои олии касбӣ ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе иштирок намуда, барои касби зинаҳои ифтихорӣ бо ҳам қувва озмуданд.
Дар доираи Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба каратэ-киокушинкай ҷавонони зиёд дар синну соли гуногун ва аз рӯи вазни 55 кг то ҷамъи 90 кг ба ҳам омаданд.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ баъд аз ворид шудани доварону варзишгарон ба майдон масъулини соҳа вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуданд. Баъдан дар фазои тантанавӣ ба чанд тан аз мураббиёни соҳибтаҷриба дар ин соҳа ва нафарони саҳмгузор ба мусобиқа сипосномаҳои Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.
Ҳунарнамоии донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба каратэ-киокушинкай шоистаи таҳсин буд. Зеро ҳар фарди иштирокчӣ дар вазну синну соли худ баҳри касби зинаҳои ифтихорӣ кӯшишу талоши зиёд ба харҷ медод.
Маврид ба зикр аст, ки Киокушинкай яке усулҳои карате мебошад, ки он солҳои 50-уми асри гузашта аз ҷониби устоди карате Масутатсу Оямаи ҷопонӣ бунёд ёфтааст. Ин усули варзишӣ бар муқобили мактабҳои зиёди каратеи «бе расиш» таъсис дода шуда, бисёр меҳнатталаб аст. Он оҳиста-оҳиста дар кишварҳои зиёд маҳбубият пайдо намуда, мусобиқаҳои он тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб менамояд. Карате Киокушинкай намуди варзиши диданибобу намоишӣ аст. Муроқибатҳои варзишӣ бо зарбаҳои дасту пойҳо бе ягон воситаи муҳофизавӣ гузаронида шуда, маҳдудияти ягона манъи зарбазанӣ бо даст ба қисмати сар мебошад.
Қувваозмоиҳо дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов сурат гирифта, дар охир ба нафарони ғолиб дар вазнҳои гуногун медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишманд супорида шуд. Ба иқрори масъулин баргузории чунин тадбирҳо як омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилӣ ба шумор меравад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ