Таҷлили Рӯзи касбии омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе
Бахшида ба Рӯзи касбии омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо иштироки устодону хонандагони ин боргоҳ ва меҳмонон аз як қатор сохторҳои давлатию корпусҳои дипломатӣ чорабинии маърифати фарҳаги доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе сухан карда, кулли омӯзгорони ин даргоҳро шодбош гуфта доир ба дастовардҳои соҳаи маориф ва қадру манзалати омӯзгор баромад намуд.
Номбурда зимни баромади худ таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди таълим дар баробари ба хонандагон омӯзонидани донишҳои назариявӣ дар зеҳни онҳо ба вуҷуд овардани дониш ё малакаи амалӣ, яъне таҷрибаи ибтидоӣ мебошад. Ҳамзамон иброз доштанд, ки ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафта дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошт.
Мавсуф зикр намуд, ки дар робита ба баланд бардоштани сифати таълим, дар ҷараёни таълим самаранок истифода кардани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, таҳия ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва низоми нави таълими ҷавобгӯ ба талаби замон ва мувофиқ ба асолати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тақвияти фаъолнокии талабагон ва ҳайати омӯзгорон, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои муштараки таълимӣ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ талаби замон мебошад.
Дар идома дигар нафарон низ ба сухан баромада қайд карданд, ки давлату Ҳукумат ба устодону омӯзгорон эътимоди комил дорад, зеро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, дар навбати аввал, мактабу муаллим нақши муҳим дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд, ки омӯзгорон воқеан ганҷинаи маънавии халқамон маҳсуб меёбанд.
Роҳбарияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе пайваста дар ҳама иду ҷашновораҳо устоду донишҷӯёни фаъолро қадрдони менамояд, дар ин рӯз чун анъана як қатор омӯзгорон баҳри хизмати софдилона дар соҳаи маориф боифтихорнома қадрдони гардонида шуданд.
Баҳри болидагии устодон ва меҳмон дар ин рӯзи фараҳбахш аз ҷониби хонандагон саҳначаҳои ҳаҷви ва чорабинии консерти доир карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ