image

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҲАМАД БИН ХАЛИФ БИН АҲМАД АЛ-ТАНӢ

date_range06.10.2023, 22:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye314

ш.Душанбе. 06.10.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд.

  Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносибот дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Танӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан футбол ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин Президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд карданд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол тибқи талаботи муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро сайқал медиҳанд.

Сипас Созишномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушд ва пешрафти футбол ба имзо расонида шуд. Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.