image

Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТаҷБилд» баргузор мегардад

date_range13.10.2023, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи соҳаи сохтмону саноат ва дар доираи тарғибу ташвиқи солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 12, 13 ва 14-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТаҷБилд» дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии Таҷбилд роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён ҳузур доштанд.

Таъкид рафт, ки яке аз мақсадҳои асосии баргузории намоишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нав ва дастгирии бевоситаи корӣ дар соҳаи савдо миёни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ дониста шуда, дар ин замина муаррифии маҳсулотҳои сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ баҳри бозори маҳаллӣ дониста мешавад.

Масъулин дар суханронии худ изҳор доштанд, ки дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизотҳои махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешавад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ширкати «ТаҷБилд» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «Таҷбилд» кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сохтмонии худро ба намоиш мегузоранд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо намояндагӣ аз маҳсулоти худ иштирок менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии «ТаҷБилд» аз 6 қисмат: маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"