image

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳуқуқи кӯдак ва таълиму тарбияи он дар оила”

date_range13.10.2023, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 18 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мизи мудавварро дар мавзӯи “Ҳуқуқи кӯдак ва таълиму тарбияи он дар оила” бо иштироки мутахассисони бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, омӯзгорон, равоншиносон, табибон ва коршиносону муҳаққиқон ташкил ва баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ, таъмини ҳаёти осоишта, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон мебошад.

Зикр шуд, ки ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Омӯзонидани меъёрҳои ахлоқӣ яке аз роҳҳои асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдакон ба ҳисоб меравад чунки рафтору муносибатҳои калонсолон барои кӯдакон намунаи ибрат аст. Инчунин ба рафтору кирдори кӯдак рафтору амали мардуми атроф низ метавонад таъсир расонад.

Ёдовар мешавем, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"