МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКОН”- ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ВА “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
ш.Душанбе. 14.10.2023. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз дар кохи «Суруш» маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, қайд намуданд, ки «Ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва “Илм-фурӯғи маърифат” аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имкониятҳои илм дар амал маҳсуб меёбад.
Боиси сарфарозист, ки маросими тантанавии имрӯза муждарасони татбиқи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои рӯзафзуни Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, нишони арҷгузорӣ ба рамзи давлатдории миллати соҳибкитоб ва тамаддунсози миллат тоҷик мебошад.
Даври шаҳрии озмунҳои мазкур миёнаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷўён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар алоҳидагӣ аз рӯи номинатсияҳо баргузор гардид.
Барои ишғоли ҷойи 3-юм дар даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” 12 нафар ғолибон бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 8 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 4 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 44 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва “Илм-фурӯғи маърифат” бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр зиёда аз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 88 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, низ бо мукофотпулӣ ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби наврасони соҳибистеъдод барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ