image

Идомаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе

date_range07.11.2023, 15:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ максади асосии баргузории озмуни мазкур буда, миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар баргузор мегардад.

Дар ин рӯз Номинатсияи эҷоди назму наср дар гуруҳи иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ оғоз гардид. Тибқи нимозмони озмуни мазкур имсол иштирокчиёни номинатсияи назму наср вазифадоранд, ки пеш аз оғози озмун дар мавзуи аз ҷониби ҳайати ҳакамон пешниҳодшуда кори эҷодии хаттӣ пешниҳод намоянд.

Аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмуни мазкур - сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини вазири маорифи мамлакат ва дигарон қабл аз гирифтани кори эҷодии хаттӣ ба иштиррокчиён барору комёбӣ таманно намуда, зикр доштанд, ки холҳои гирифтаи кори эҷодии хаттӣ ба холҳои умумии иштирокчӣ илова карда мешавад, аз ин рӯ ҳар як иштирокчиро мебояд дар навишти кори эҷодии хаттӣ тамоми кушишу маҳорати эҷодии худро ба харҷ диҳад, то дар даври ниҳоӣ бо гирифтани холҳои бештар сазовор гардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи шаш номинатсия аз рӯзи 30-юми октиябр оғоз гардида, бо ширкати 528 нафар иштирокчӣ имрӯзҳо дар толорҳои алоҳидаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад ва 15-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун баргузор хоҳад гашт.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"