Ифтитоҳи Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар радифи сиёсати ободкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди касбии кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил карда мешавад, дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ гардид.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик бинои Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир ва навсозӣ карда шуд. Утоқҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон толори маҷлисгоҳ, қисми навбатдорӣ ва утоқ барои истироҳати кормандон ба истифода дода шудаанд.
Дар расми ифтитоҳи иншооти хизмативу маъмурӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарияти ВКД кормандонро ба иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо хизматӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъкид намудаанд.
Қобили зикр аст, ки кормандони Шӯъбачаи мазкур дар бозори ҶДММ "Бозори Корвон" бо мақсади таъмини тартиботу бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи молу мулки онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ