image

Машварати омӯзишӣ дар ҶДММ «Сорбон 14»

date_range08.11.2023, 10:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye314

Машварати омӯзишии кормандони соҳаи нақлиёт ин навбат бо иштироки роҳбарияти сохторҳои нақлиётии шаҳри Душанбе ва ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҶДММ «Сорбон 14» баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи фарҳанги миллӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, одоби муошират ва этикаи касбии ронандагон ҳайати Гурӯҳи корӣ дар ҳузури роҳбарияти шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, РХДН ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар ҶДММ «Сорбон 14» бо ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ машварати омӯзишӣ доир гардид.

Дар машварати омӯзишӣ ҳайати гурӯҳи корӣ аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар солҳои охир суханронӣ карда, иброз доштанд, ки аз соли 2017 то инҷониб парки корхонаҳои нақлиётии мусофирбари шаҳри Душанбе пурра нав карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин ҳама ғамхориҳо кормандони соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ронандагони нақлиёти мусофирбарро лозим меояд, ки ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод намоянд.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт ҷамъиятӣ талаб карда шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон дар пойтахтро ба таври қатъӣ риоя намуда, ҳангоми фаъолият хизматрасониро ба сатҳи баланд бардоранд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"