image

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Ифтитоҳи раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе”

date_range08.11.2023, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye238

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Ифтитоҳи раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе” доир гашт.

Дар мизи мудаввар иштирокчиён дар мавзуҳои “Муаррифии методологияи ҷаҳонии таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ”, “Рӯнамоии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва муаррифии Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳии Душанбе”, “Муаррифии консепсия ва мундариҷаи Шарҳи ихтиёрии маҳалии шаҳри Душанбе” ва дигар мавзӯҳо маъруза карданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"