image

Даври ноҳиявии Олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range08.11.2023, 14:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye353

Бо дастгири мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тайи чанд муддат мешавад, ки идома дорад.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия ҷараён дорад.

Гуфта шуд, ки дар ин рӯз довталабони синфҳои 9, 10 ва 11 аз фанҳои математика, биология ва техналогияи иттилоотӣ миёни ҳам сабқати дониш менамоянд. Зимни суҳбат бо довталабон масъулин атрофи баргузории олимпиада сухан гуфта, довталабонро ба тартиби гузаронидани озмун шинос намуданд.

Ҳозирин, ба хонандагон доир ба рушди соҳаи илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт баён намуданд. Қобили зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур зиёда аз 5173 - нафар иштирок намуда, аз ин теъдод 2610 нафар довталаб аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ширкат варзида истодаанд.

Мавриди ёдоварист, ки ҳамасола бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат миёни таълимгирандагон озмуну олимпиадаҳо роҳандозӣ карда мешавад, ки олимпиадаи фаннии мактабббачагон аз шумори онҳо аст. Даври аввали ин сабқати зеҳнӣ нахуст дар Муассисаҳои таълимӣ сурат гирифта, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтаанд ва баъд аз гузаштан аз ин марҳила ба даври шаҳрӣ роҳ дода мешаванд. Ба иттилоъи масъулин озмуни мазкур аз санаи 2-уми ноябри соли равон оғоз гардида, он аз рӯйи 13 фанни таълимӣ гузаронида мешавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"