Ифтитоҳи намоиши асарҳои рассом Носирбек Нарзибеков дар Осорхонаи миллӣ
Дар муассисаҳои осорхонавии шаҳри Душанбе дар баробари фаъолияти намоишӣ ва нигоҳдории нигораҳо, ҳамзамон чорабиниҳои дигари фарҳангиву маърифатӣ низ ташкил мегардад. Зимнан дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Ифтихор” намоиши мусаввараҳои рассоми маъруфи Тоҷикистон Носирбек Нарзибеков ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиши мусаввараҳо таҳти унвони “Ифтихор” намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба н. М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Бунёди Садриддини Айнӣ, Фонди мусаввирон, сафоратхонаҳои як қатор кишваврҳо дар Тоҷикистон, рассомону санъатшиносон ва ҳаводорони ин навъи ҳунар иштирок намуданд. Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” қайд намуд, ки мусаввараҳои рассом дорои фалсафаи амиқ буда, дар онҳо ба воситаи рангҳо шахсияту ҳодисаҳои таърихӣ, унсуру анъанаҳои миллӣ, оиладорӣ, ишқ, муҳаббат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти инсонӣ тасвир гардидаанд.
Дар намоиш зиёда аз 25 адад офаридаҳои рассом Носирбек Нарзибеков бо номҳои “Рақс”, “Одам-ид”, “Суруд”, “Дар боғи биҳишт”, “Илҳом”, “Ҳамсафари вақт”, “Пианинонавоз”, “Оламро ба ту нишон медиҳам”, “Деҳаи фаромӯшгашта”, “Суруди даҳмарда”, “Қурутоб”, “Киштича”, “Оила”, “Суҳбат бо Хайём”, “Тӯйи суғдӣ”, “Дар зодгоҳам”, “Суруди афсонавӣ”, “Рустам”, “Искандар”, “Вохӯрӣ” ва амсоли инҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани намоиш – ин пеш аз ҳама инъикос намудани мавҷудияти шароити созгор барои муаррифии офаридаҳои ҳунармандон, ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба ҳунари рассомӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ошно намудани тамошобинон бо жанрҳои мухталифи санъати тасвирӣ мебошад. Мухлисони эҷодиёти Носирбек Нарзибеков метавонанд, то рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” аз асарҳои ин рассоми машҳури кишвар дидан намоянд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ