Таҷлили Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллӣ
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ба Ватанам садоқатмандона хизмат мекунам» ҳамоиши тантанавӣ доир намуд.
Макони баргузории ҳамоиши тантанавӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд. Қабл аз баргузории ҳамоиш курсантони Донишкадаи олии сарҳадӣ аз осорхона дидан карданд. Курсантон бо роҳбаладони осорхона аз толорҳои таърихӣ боздид намуданд. Таваҷҷуҳи курсантонро бозёфтҳои бостоншиносӣ ва изи одамони ибтидоӣ ба худ ҷалб намуд. Чунин иқдом ба ҳар нафар имконият фароҳам меорад, ки бо таърих ва маданияти халқи худ аз наздик шинос шуда, дар ин самт маълумоти бештар бигирад.
Ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ба Ватанам садоқатмандона хизмат мекунам» бо тамошои филми «Пешво» шуруъ шуд. Филм дар ҳаҷми 40 дақиқа иборат аз корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дидани он андешаву хотираи ҳар иштирокчии ҳамоишро ба давраҳои ноамнӣ, марҳилаҳои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва рушди Тоҷикистон бурд. Филм марҳилаҳои давлатдории навини тоҷиконро аз пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ то аз бунбанбасти энергетикӣ баровардани Тоҷикистон фарогир буд. Баъд аз тамошои филм ба фаъолон ва нафароне, ки дар пешбурди сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд, дар фазои тантанавӣ сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиши тантанавӣ ҳозирин доир ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки Рӯзи Президент аз соли 2016 инҷониб дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ба хизматҳои Президент таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз аз хизматҳои Роҳбари давлат ёдоварӣ намуда, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ