image

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик

date_range09.11.2023, 16:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye381

Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи муҳим, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинии навбатие, ки бахшида ба Рӯзи миллитсияи тоҷик дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, Раиси Суди конститутсионӣ, роҳбарият ва кормандони Раёсат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст раиси Суди конститутсионӣ ба сухан баромада, вобаста ба муҳимияти Конститутсия дар замони соҳибистиқлолии кишвар сухан гуфтанд.

Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ Партов қайд намуд, ки кормандони милитсияи пойтахт ба савганди худ содиқ монда, чун сипари боэътимод баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд.

Дар идома муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе ба сухан баромада табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба саҳми ҳайати шахсии милитсияи пойтахт расонид. Иброз доштанд, ки дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, ки ба баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия равона гардидааст, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки кормандони милитсия на танҳо дар таҳкими суботи ҷомеа ва риояи қонуният, инчунин дар рушду пояндагии давлати воқеан соҳибихтиёру соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ намунаи ибрати дигарон хоҳад буд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор кормадони милитсияи шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои пуллии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати фаъолияти пурсамарашон дар низому тартиботи пойтахт, қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон як қатор кормандони фаъол дар робита ба саҳмгузории риояи қонуният ва таъмини волояти қонун бо рутбаҳои навбатӣ, туҳфаҳои пуллӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"