Ҷаласаи машваратӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ
Ҷаласаи машваратӣ дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» бо иштироки намояндагони Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишгарон, намояндагони ҷамъиятҳои сохтмонӣ, ташкилоти лоиҳакашии фаъолияти шаҳрсозӣ ва сохторҳои марбута баргузор гардид.
Низом Мирзозода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таҳкими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ баромад намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи машваратӣ “Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки Стратегияи мазкур бо мақсади амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мақсадҳои дарозмуддати соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳалли масъалаҳое, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия гардидааст.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ