image

Ифтитоҳи озмоишгоҳи физикаи микроолам дар ДМТ

date_range10.11.2023, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye418

Дар партави эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 дар кафедраи физикаи ҳастаи факултети физикаи ДМТ озмоишгоҳи замонавии таълимӣ бо номи «Физикаи микроолам» ифтитоҳ гардид.

Дар марсоими ифтитоҳи озмоишгоҳи замонавии таълимӣ бо номи «Физикаи микроолам» роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону олимон ва донишҷӯёни факултети физика ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи «Физикаи микроолам» дар ҳудуди Тоҷикистон ягона буда бо дастгоҳҳои таълимии сатҳи зарурӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷо даҳ корҳои озмоишӣ бо тамоми маводҳои зарурӣ омода буда худи озмоишгоҳ бо тахтаи электронӣ, воситаҳои аёнӣ ва мизу курсиҳои зарурӣ таъмин шудаанд. Пас аз иҷрои ин корҳои озмоишӣ донишҷӯ оид ба рафтори зарраҳо дар микроолам маълумоти пурра гирифта боварии пурра ҳосил менамояд, ки қонунҳои физикаи микроолам дар ҳақиқат тафовути зиёд нисбат ба физикаи макроолам доранд. Корҳои озмоиши аз фанҳои «Физикаи атом», «Физикаи ҳаста», «Спектрометрияи ҳастаӣ», «Амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зист» ва «Дозаметрия» гузаронида мешаванд. Дар ин озмоишгоҳ донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои факултети физика машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд.

Корҳои озмоишӣ бо дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ таъмин мебошанд, ки аз ҷониби устодони кафедра омода шудаанд. Дарсҳои амалиро дар ин самтҳои илми замонавӣ ва инноватсионӣ устодони ботаҷриба ва ҷавонони болаёқат пеш мебаранд.

Инчунин, дар ин озмоишгоҳ донишҷӯёни дигар факултетҳои ДМТ ба мисли факултетҳои биология, химия, геология, тиббӣ ва архиология имкони шиносоӣ пайдо намудан бо усулҳои замонавии ташхис ва таҳлили физикиро доранд. Ба ғайр аз ин, дар озмоишгоҳи навтаъсис оиди ҳамтаъсироти афканишоти ҳастаи ва ионишофар бо моддаҳои органикӣ ва ғайриорганики маълумот гирифтан мумкин аст, зеро озмоишгоҳ дорои манбаҳои афканишоти ҳастаӣ ба монанди манбаҳои нейтрон, гамма-афканишот ва электронҳо мебошад.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи «Физикаи микроолам» қадами устуворест дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар роҳи истифода аз дастовардҳои илмҳои замонавӣ ва инноватсионӣ мебошад. Дарсҳои озмоишгоҳ на танҳо барои донишҷӯёни ДМТ боз аст, балки тамоми донишҷӯёни Тоҷикистон метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар ин рӯз дар факултети физика инчунин толори Шӯрои олимони факултет низ кушода шуд, ки бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мебошад. Дар оянда тамоми ҷаласаҳои Шӯрои олимони факултет ва зерсохторҳои он дари ин толор баргузор мешаванд. Инчунин, дар ин толор тамоми ҷаласаҳои Шӯроҳои диссертатсионии ба факултет марбутбуда барпо мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"