image

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range10.11.2023, 15:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва ваҳдати миллӣ” конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии факултети дипломатия ва сиёсати Академия таҳти унвони “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва ваҳдати миллӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд.

Дар Конференсия профессорону омӯзгорон, ходимони собиқадори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакилони МНМО ҶТ, докторантону магистрон аз муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии кишвар, иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия 16-уми Шурои олӣ ин тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди ноумедиву парешонӣ ва раҳоӣ ёфтан аз вартаи ҳалокатбор мебошад.

Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ иштирокчиён дар мавзуоти муҳим, аз ҷумла, вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ, Иҷлосияи тақдирсоз – маҳаки асосии рушди минбаъдаи Тоҷикистон, аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бақои давлату миллати тоҷикон ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ дар ташаккули сиёсати хориҷии ҶТ маърузаҳо карданд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва ваҳдати миллӣ” дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ доир шуд, ки мақсади баргузрии онро ташкилкунандагон ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, огоҳ кардани ҷавонон аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навин, марҳилаҳои душвори барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар ва ҳифз кардани истиқлоли комили Ватан маънидод карданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"