Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни паради низомӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Президенти мамлакат хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро хусусан дар барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, бисёр арзишманду барҷаста маънидод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан Қӯшунҳои сарҳадиро ҳушдор сохтанд, ки бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони мамлакатро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 иншооту биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷумла, танҳо дар даҳ соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ даҳҳо иншооти нав сохта, ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Таъкид шуд, ки барои шуҷоату мардонагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ то имрӯз садҳо нафар кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароиту имконияти муҳайёгардида дастур доданд, ки қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъйиноти махсус табдил дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот, ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар хизматчии ҳарбиро ҷиҳати мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифадор намуданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки кормандони мақомот барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худ минбаъд низ омода буда, ба савганди ёдкардаи хеш содиқ мемонанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузашти ҳарбӣ оғоз гардид.
Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар баробари мардон, инчунин занону духтарони тамоми шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар паради низомӣ фаъолона иштирок намуда, бо марши тантанавӣ қадам заданд.
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи мошинҳои ҷангию хизматӣ гузошта шуда буд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ