image

«Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва рисолати таърихии он». Таҳти ин унвон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Конференсия доир шуд

date_range13.11.2023, 15:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Баргузории ҳамоишҳои гуногун вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ дар шаҳр идома дорад. Зимнан дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва рисолати таърихии он» баргузор гардид.

Дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва рисолати таърихии он» намояндагон аз МИҲД-и н.Фирдавсӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе, роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии Истиқлол иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шуд. Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми тори миллат ғолиб омада, ба таъмини хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамин аст, ки ҳарсол солгарди баргузории онро сокинон кишвар дар фазои орому осоишта ҷашн мегиранд. Инчунин зимни баромади худ иштирокчиёни дигари ҳамоиш нақши калидии Иҷлосияро тараннум карда, иқрор намуданд, ки воқеан ин ҷаласаи таърихӣ тақдирсоз буд ва алъон ҳеч кас шакку шубҳа надорад, ки Иҷлосия ба мо тоҷикон давлати миллиро ато намудааст.

Инчунин нотиқони чорабинӣ нақши Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа басо бузург маънидод карда, ҳама пешрафту рушди давлатро аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои шаҳрдорӣ вобаста ба ин сана масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ низ нақшаву барномаҳои худро таҳия намудаанд, ки зимни татбиқи он дар ҳудуди ноҳтя пайваста чунин тадбирҳои маърифатӣ ташкилу баргузор карда мешавад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"