image

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range13.11.2023, 15:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye387

Дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва олимону донишмандон ҳамоиш доир гардид.

Дар раванди чорабинӣ роҳбаряити Академияи идоракунии давлати назди Президенти ҶТ зикр намуд, ки аз ҳама муҳимтарин амал барои рушди Истиқлоли кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуда, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид. Бузургтарин ва муҳимтарин нақши Иҷлосия барои халқи тоҷик ҳамин буд, ки он ҳамчун анҷумани саодати халқ тавонист вазъи муташанниҷи сиёсиро ба эътидол оварда, умеду боварҳои мардумро барои сулҳ ва таъмини суботи сиёсӣ таҳким бахшад. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Маҳз дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Аз ин рӯ, ин рӯйдоди таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз мақому ҷойгоҳи махсус ва мондагорро соҳиб мебошад.

Имрӯз бо гузашти 32 сол барои мо, сокинони сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз, бахусус ҷавонон шароити муносиб фароҳам омадааст, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сабақ омӯхта, ҷиҳати таъмини пешрафти Ватани азизамон ва расидан ба дастовардҳои тозаву навин, музаффариятҳои арзанда ва натиҷаҳои баланди тараққиёт тамоми дониш, неру ва иқтидори худро равона намоем. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ заминаи мустаҳкамкунандаи сулҳу субот, қадами бузург дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳаводиси бузурги таърихии миллати тоҷик дар замони муосир аст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"