image

Ҳамоиши илмӣ - маърифатӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон – рамзи шинохти миллат ва ифтихори ҷавонон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range13.11.2023, 16:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye215
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ҳамоиши илмӣ - маърифатӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон – рамзи шинохти миллат ва ифтихори ҷавонон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҳамоишро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ оғоз ва доир ба аҳамияту муҳтавои Ҳамоиш ибрози андеша намуд. Сипас, қисмати расмии Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим таъкид намуд, ки Тоҷикистони азизи мо тули 32 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ақсои олам ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва ягонаву дунявӣ эътироф гардидааст. Бунёди шоҳроҳҳи азим, нерӯгоҳҳои барқии обии баландиқтидор, таъмини рушди босуботи ҷомеа, устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди биноҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва маҷмааҳои муҳташами меъморию фарҳангӣ ва таърихию бемисл тавонист давлати навини тоҷиконро аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо бахшад, истиқлолияти энергетикиро дар мамлакат таъмин намояд ва барои мардум зиндагии шоиставу арзандаро фароҳам оварад. Дар ростои ба даст овардани тамоми ин дастовардҳо шахсияти бузургу беназир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо хиради азалӣ ва донишу малакаи бузурги роҳбарӣ тавонист халқи тоҷикро аз парокандагӣ ва давлати навини тоҷиконро аз вартаи ҳалокат раҳонад. Ин хизматҳои шоиставу мондагори Роҳбари давлат дар шакли корномаи бузург дар таърихи давлати навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабти ном гаштааст.
Дар баромади собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, аъзои Шурои куҳансолони Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Орумбек таъкид гардид, ки сари ҳар қадам, дар ҳалли ҳар як мушкилот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ намуданд. Бешак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб меёбад. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун як падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.
Зимни суханронии худ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз хизматҳои шоёну мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарҳандӯстиву мардумсолорӣ, эҳёии арзишҳои миллӣ, муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии эҷодкорону ҷавонони лаёқатманд ва бузургдошту зиндагардонии таърихи пурғановати миллати тоҷик таъкид карда шуд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат барои ҷавонони кишвар натанҳо Роҳбари давлат, Президент, Раиси Ҳукумат ва ё Пешвои миллат ҳастанд, балки роҳнамои асил ва падари бузурге ҳастанд. Зеро панду насиҳатҳо ва суханҳои бузурге, ки мавсуф ба ҷавонон муроҷиат карда иброз медорад, ҳеҷ касе чунин панду насиҳа намекунад. Ҳамеша ҷавононро ба роҳи сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ, иттиҳоду якдилӣ, ободкориву созандагӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан - Модар даъват менамоянд.
​Директори институти масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон Ёрмаҳмад Ниёзӣ дар самти сиёсати хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ташаббусу иқдом ва мавқеъи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмлалӣ анешаҳояшро баён дошта, иброз намуд, ки дастгириву иқдомоти бузурги Пешвои миллат барои ҷавонони тоҷик роҳи бузурги андӯхтани илму дониш кушода гардид. Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ оиди таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расида. Қисми зиёди ҷавонони мо имрӯз дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанданд, ки ифтихори бузурги миллат мебошад.
Дар баромади сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушбахт аз давраҳои мудҳиш ва барқароркунии сулҳ ва хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд
Дар ҳамоиш, ҳамчунин як қатор ҷавонон аз донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ суханронӣ намуда, изҳору сипосу миннатдории хешро ба хизматҳои шоёну шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, таъкид намуданд, ки мактаби давлатдории ин шахсияти бузурги таърихиро ҳамеша сармашқи кору рӯзгори хеш қарор дода, талош меварзанд пайравони асили Пешвои миллат боқӣ мемонанд.
Дар фарҷом ба як қатор иштирокчиёни фаъоли чорабинҳо сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим карда шуда, дар охир суруду оҳангҳои марғуби ватандустона аз ҷониби ҷавонони ҳунарманду эҷодкор пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.