Баргузории даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…»
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардид. Дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи озмун - Матлубахон Сатториён, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён сухан карда, иброз дошт, ки бо ҳадафи ҷалби васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа аз соли 2019 инҷониб бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Гуфта шуд, ки ҳамасола низомномаи озмун такмил дода шуда, иштирокчиёни он сол аз сол зиёд мегардад.
Иштирокчиёне, ки дар ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср бо ҳунару истеъдоди худ ҷойҳои намоёнро қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла ба нафароне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойи якум гардидаанд, бо нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ ҳамзамон он падару модароне, ки дар тарбияи фарзандони худ кӯшиш онҳоро дар пайроҳаи илм равон месозанд, бо сипоснома ва дигар туҳфаҳои омоданамудани Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди нерӯи маънавиёти ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ