Роҳи маҳаллаи Чортути ноҳияи Сино мумфарш гардид
Дар доираи вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар маҳаллаи Чортут беш аз як ҳазору 500 метр роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.
Роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ дар гузаргоҳи поён ва болои маҳаллаи Чортути ноҳияи Сино ҳамакнун ҳамвору васеъ гардид. Асфалтпӯш кардани масофаи як ҳазору 600 метр роҳ дар ин маҳалла бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва саҳми истиқоматкунандагон ҷараён гирифт. Асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ ва байнидеҳавӣ дар ҳудуди гузаргоҳи поён ва болои маҳаллаи Чортут бештар бо саҳмгузории сокинони маҳаллӣ амалӣ гардонидани шуд, ки мақсади анҷом додани ин иқдом беҳтар намудани ҳолати равуои пиёдагардон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад.
Корҳои асфалтхобонӣ дар роҳи мошингарди маҳаллаи Чортут бо ҷалби мутахассисони соҳа ва зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар ҷараёни корҳо ҳамзамон беш аз 5 адад техникаҳои роҳсозӣ ва соҳавӣ ҷалб шуданд. Сокинон хушнуду сарфароз аз он буданд, ки дар ҳамбастагӣ тавонистанд дар ободии як гӯшаи Ватан саҳм гузоранд.
Хотиррасон мекунем, ки дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи Чортут асфалти майдадона хобонида шуд. Ин роҳ дар гузашта агар сангрезаву борик буд, имрӯз паҳноии он баробар ба 7 метр шуд. Ғафсии асфалти хобонидашуда, 8 сантиметрро ташкил медиҳад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ