image

Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радио

date_range14.11.2023, 13:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Дар ростои ба даст овардани тамоми ин дастовардҳо шахсияти бузургу беназир - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки бо хиради азалӣ ва донишу малакаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд халқи тоҷикро аз парокандагӣ ва давлати навини тоҷиконро аз вартаи ҳалокат раҳонанд. Ба ин муносибат дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гашт.

Дар ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи телевизиони ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва дигар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки сари ҳар қадам, дар ҳалли ҳар мушкилот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буда, онҳоро дастгирӣ менамуданд. Бешак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Пешвои миллат барои ҷавонони мамлакат на танҳо Роҳбари давлат, Президент, Раиси Ҳукумат ҳастанд, балки роҳнамои асил ва падари бузург низ мебошанд. Зеро мавсуф ба ҷавонон муроҷиат намуда, панду насиҳатҳо ва суханҳои бузург иброз медоранд. Ҳамеша ҷавононро ба роҳи сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ, иттиҳоду якдилӣ, ободкориву созандагӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан — Модар даъват менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"