Насби таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор дар Душанбе
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор ба фаъолият шуруъ кард. Ҳамакнун он лампаҳои симобдоре, ки дар анборҳои махсус нигоҳдорӣ мешуданд, безарар гардонида мешаванд.
Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор муаррифӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими муаррифии таҷҳизоти мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор дар доираи лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳконии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас гардид.
Мақсади истифодаи таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор коркарди такрорӣ: майда кадани лампа дар қуттии пӯшида, филтри ҳавоии самаранокиаш баланд ва ҷаббида гирифтани симоб тавассути карбон мебошад. Тавассути ин таҷҳизот ҳама намуди қубурҳо, лампаҳои симобдор метавонанд дубора коркард карда шаванд.
Таҷҳизот аз майдакунак, сепаратор, системаҳои филтрасияи зарраҳо ва буғ, системаи интиқоли мавод, инчунин системаи идоракунии нармафзор-мантиқӣ иборат аст. Лампаҳо ба ҷараёнҳои нури флуорестентӣ, сарпӯшҳои ниҳоии лампа, шишаи шаффоф, хокаи фосфор ва дар ниҳоят симоби элементарӣ ҷудо карда мешаванд. Маводҳои натиҷавӣ, ки аз ин фаъолият тавлид мешаванд (сарпӯшҳои ниҳоӣ, шиша, хонаи фосфор) барои коркард ё нобудсозии минбаъда берун аз макон интиқол дода мешаванд. Лампаҳои симобдорро ба партовгоҳи одӣ партофтан лозим нест, зеро агар симоби онҳо ба партовҳои маишӣ омехта шавад, ба табиату гирду атроф хеле хатарнок аст. Маводи заҳрноке, ки дар таркиби ин лампаҳо мавҷуданд, тамоми ашёи муҳити атроф, аз ҷумла хоку ҳаво ва обу биосфераро ифлос мекунанд. Бо ворид кардан ва мавриди истифода қарор додани таҷҳизоти сайёри коркарди лампаҳои симобдор коркард ва безараргардонии лампаҳои симобдор дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва атрофи он бартараф мегардад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ