Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Вобаста ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири ҷашнӣ созмон дода шуд. Зикр рафт, ки миллати тоҷик дар масири беш аз се даҳсолаи Истиқлоли давлатии худ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳоеро ба сомон расонид, ки барои бархе аз халқу миллатҳо анҷоми ин корҳо дар тӯли садсолаҳо имкон надодааст.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари соҳибсалиқа буда, хулқу атвори хос, сабру таҳаммул ва дарки тамоми душвориҳои ғайри қобили тасаввурро доро мебошанд. Дар чорабинӣ, вакили иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Рафиқа Мусоева доир ба ин санаи муҳим андешаронӣ кард.
Дар умум таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, баҳри бартараф намудани масъалаҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои умумибашарӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд, ки обрӯ ва эътибори мактаби давлатдории Пешвои миллатро боло бурдааст.
Кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат шоҳиди он ҳастем, ки ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддасамон – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва сохта ба истифода супоридани иншоотҳои таъиноташон гуногун бомаром амалӣ гардид, ки ин ҳам бошад дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми назаррас мегузорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ