Конференсияи илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзуи «Президент-роҳнамои маорифи миллӣ»
Бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, роҳбарият ва кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистнро дар рушди ҳамаи бахшҳои ҷомеа назаррас арзёбӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Инчунин иштирокчиён дар мавзӯҳои «Эмомалӣ Раҳмон-Сарвари хирадпеша ва саодати халқи тоҷик», «Президент ва рушди маорифи миллӣ», «Арзишҳои меҳварии Рӯзи Президент ва роҳҳои истифодаи онҳо дар ҷараёни таълиму тарбия» ва «Пешвои миллат ва ҳидоятҳои ӯ оид ба тарбия ва рушди маърифату фарҳанги насли наврас» баромад намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ