image

Баргузории даври ниҳоии озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе

date_range15.11.2023, 11:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Дар баробари дигар озмуну чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ инак бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст. Ин озмун дар даври ноҳиявӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуда дар маҷмуъ 721 нафар довталаб ширкат варзиданд, ки аз ин шумора аз чор ноҳияи шаҳр 39 нафар аз ҷумла 9 нафар аз ноҳияи Сино, 10 нафар аз ноҳияи Фирдавсӣ, 11 довталаб аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 9 нафар аз ноҳияи Шоҳмансур ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.

Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур масъулини Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе сухан карда қайд намуданд, ки мақсади баргузории озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” ин ҷалби бештари ҷавонон ба омȳзиши осори Пешвои миллат бо мақсади ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, ҳисси ватанпараситву ватандȳстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур рӯзгор ва осори Пешвои миллатро пурра дар бар гирифта, дар он иштирокдорон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва омаи мардум ширкат менамоянд.

Бояд гуфт, ки озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар ду давр ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, гузаронида мешавад, ки аллакай даври шаҳрии он оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки ҳакамони озмун, ки аз мутахассисони варзида иборат буданд, тибқи шартҳои озмун ба баромади ҳар як иштирокчӣ холисона баҳогузорӣ менамуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"