Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон»
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон» ташкил ва баргузор шуд.
Дар кори конференсия роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Маърузачиён изҳор доштанд, ки сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мубрам, ки барои башарият аҳамият доранд, истифода мебаранд Ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд.
Қайд шуд, ки ҳанӯз 29 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кӯшишу ҳастии хешро ба сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо собитқадамона исбот намуд, ки ҳар он чизеро, ки Сарвари давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фарохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ