Баргузории чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар толори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва раисони ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ба бахти миллати тоҷик марди абармардеро ба роҳбарӣ баргузиданд, ки афзун бар истеъдоди нодири давлатдорӣ саропои вуҷудаш бо эҳсоси муқаддаси меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва халқпарварӣ ороста ва аз ҷамеи тасмиму ибтикорҳои ӯ дурахши ормонҳои миллии тоҷикон падидор буд.
Таъкид гардид, ки нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол хело ҳам бузургу арзишманд маҳсуб меёбад.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бонангу номус, ки истиқлолият ва озодӣ барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз зулмоти яъсу ноумедӣ ба соҳили наҷот раҳнамоӣ намуданд ва дар дилҳои онҳо чароғи эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон ва фаро расидани замони сулҳи деринтизор неру бахшиданд.
Дар идома барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид, ки фарогири мавзуҳои ватандорию соҳибистиқлолиро ифода менамуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ