image

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

date_range16.11.2023, 14:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye269

Ба ифтихори таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яқ қатор чорабиниҳои илмӣ баргузор гардид.

Чунин як чорабинӣ бахшида ба ин ду санаи таърихи яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсоз дар ин муассисаи таълими бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳяи Фирдавсӣ ва устодони ин даргоҳ баргузор шуд. Роҳбарияти донишгоҳ зимни ифитоҳи чорабинии мазкур нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдории миллиамон бориз арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки мартабаи баланди сиёсӣ, ки барои Эмомалӣ Раҳмон аз қазову қадар арзонӣ шудааст, барои чунин хулосаи ҷасурона асос буда метавонад. Эмомалӣ Раҳмон, чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфту ба таври назаррас касби камол кард ва соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷашн гирифтани ин рӯз як рамзи арҷ гузоштан ба шахсият, хизматҳои шабонарӯзӣ ва саҳми ин абармарди сиёсат дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад. Ба шарофати ин ду рӯйдоди муҳим миллати тоҷик аз вартаи парокандагӣ ва Ватани аҷдодӣ аз хатари нобудӣ раҳо ёфт.

Ҳамзамон дар идома гуфта шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамқадами Истиқлоли давлатии кишвари азизмон мебошад ва ҳама дастовардҳои хешро аз файзи соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"