image

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

date_range16.11.2023, 14:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye419

16 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бо назардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ раванди имрӯзаи густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия ба сатҳи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.Дар баробари ин бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.

Ҳамчунин бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия, инчунин натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду давлат таъкид намуданд.