image

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент роҳпаймоӣ доир гардид

date_range17.11.2023, 09:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye309

Роҳпаймоӣ бахшида Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ доир гардид. Роҳпаймоӣ бошукӯҳ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Ташкилкунандагон иттилоъ доданд, ки дар роҳпаймоӣ наздик ба 20 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идора, кумитаю муассиса, бахши нақлиёт ва тандурустӣ, маориф ва илм, муассисаҳои таълимии оливу касбӣ ва хоҳишмандон ҷараён гирифт. Иштирокчиён бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуда, бо ин тартиб меҳру муҳаббат, садоқату самимият ва вафодор будани худро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.

Дар роҳпаймоии идона омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини навоҳии шаҳри Душанбе бо ҷонибдорӣ аз таҳкими давлатдории тоҷикон фаъолона ширкат намуда, садоқати бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

«Пайравони Пешвои миллатем!», «Пешвои миллат-ҳомии сулҳ!» аз ҷумлаи шиорҳои иштирокчиёни роҳпаймоӣ буд, ки баробари роҳ рафтан ҳамзамон бо ҳамовозӣ такрор мекарданд.

Роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад. Дар роҳпаймоии осоиштаи ҷомеаи меҳнатии шаҳр хама иштирокчиён рӯхи болида доштанд ва шукр аз он мекарданд, ки ба чунин рӯзҳои нек расиданд. Мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Наздики ба 20 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо шиору овезаҳо то Шаршараи Наврӯзгоҳ роҳпаймоӣ намуданд. Масофаи роҳ беш аз 2 километрро дарбар гирифт. Дар майдони Шаршараи Наврӯзгоҳ қисмати тантанавию фарҳангии роҳпаймоӣ доир гардид, ки дар қисмати расмии ин чорабинии бошукӯҳи шаҳрӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои шоёну шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сурудҳои ватандӯстона ва муҳаббату самимият ба Пешвои муаззами миллат аз чониби ҳунармандон ва аҳли фарҳанги пойтахт пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"