Мулоқот бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев
17 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд.
Дар оғоз ҷонибҳо аз тавсеаи муколамаи байни роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар, ки хусусияти мунтазамро касб намудааст, изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ раванди густариши муносибатҳои дуҷониба идома дода шуд.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи май сурат гирифт, миёни ду давлат Эъломияи ҳамкории ҳампаймонӣ ба имзо расид, ки аз сатҳу муҳтавои баланди ҳамкории дуҷониба гувоҳӣ медиҳад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ибрози назар карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ