Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни наврасон
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни наврасони солҳои таввалудашон 2009-2010 бахшида ба гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар расми ифтитоҳи мусоббиқаи навбатӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мураббиёни варзиш иштирок вам суханронӣ намуданд.
Зимни ҷамъомад масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкурро ин ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонони наврас дар кишвар мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки Пешвои миллат соли 2015 зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯшитини миллӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Дар ин ҳошия бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни наврасони солҳои таввалудашон 2009-2010 бахшида ба гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов нахустин буда, ин иқдом ҳамасола роҳандозӣ мегардад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ