image

Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҷҳизоти муосири соҳавӣ дастрас гардид

date_range20.11.2023, 15:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye318

Тараққиёти илму техникаи муосир, усулҳои нави омӯзишии интерактивӣ водор месозад, ки барои дастрасии маълумоти аёнӣ аз технологияи наву муосир ва барномаҳои гуногун истифода бурда шавад. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаҳонишавии таҳсилоти миллӣ, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар ин замина ба донишгоҳ таҷҳизоти муосири соҳавӣ дастрас гардид.

Ворид намудани мизи «Пирогов», ки дастгоҳи муосири интерактивии омӯзиши фанни анатомияи одам мебошад, аз дастоварди муҳим дар самти мукаммалкунии пояи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад. Мизи мазкур дар бисёр донишгоҳҳои тиббии Русияву Осиёи Миёна барои омӯзиши сохти бадани одам васеъ истифода бурда мешавад. Ин миз барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексонии гурӯҳӣ мувофиқ буда, дар он маводи аёнӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён пурра дастрас мебошад. Дар мизи мазкур модели пурраи бадани одам, системаи узвҳо, инчунин, узвҳо ва сохторҳои алоҳидаи бадани одам дар шакли «3D» ҷой карда шудааст.

Омӯзгорон ва донишҷӯён ба воситаи ноутбук, телефон ва планшетҳо метавонанд, ба қисми электронии маводи миз ба тариқи фосилавӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Мизи «Пирогов» на танҳо 3D-атласи муқаррарӣ, балки маҷмуи сохторҳои коркардшудаи нормалӣ ва патологӣ буда, ба онҳо маълумот бо забонҳои русӣ, англисӣ ва лотинӣ, инчунин, маълумоти базавӣ оид ба омӯзиши ташхиси ултрасадоӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магниту резонансӣ оварда шудааст, ки дар омӯзиши фанҳои клиникӣ хеле зарур аст.

Ин таҷҳизот ҳангоми гузаронидани имтиҳонҳо низ истифода шуда, дар барнома маҷмуи масъалаҳо ва саволҳо оид ба сохти узвҳо ва системаҳои муайян, ҳолатҳои патологии онҳо ҷойгир намудан мумкин аст. Ҳангоми кор бо шаклҳои электронии мустаҳзарҳо дастрасӣ ба 3D-модели узвҳо васеъ буда, фаҳмиш ва дарки маълумотро барои донишҷӯён осон менамояд. Ин дастгоҳи муосир на танҳо барои омӯзиши анатомияи нормалӣ, балки дар омӯзиши фанҳои анатомияи топографӣ, гистология, патология ва ҷарроҳия истифода бурда мешавад.

Муҳассилин дар муқоиса бо мустаҳзарҳои ҳақиқӣ ва муляжҳо ба ҳар як сохтори анатомӣ ва 3D-модели узвҳо ва сохторҳо дастрасӣ пайдо намуда, ташреҳи визуалии бадан ва сохторҳои алоҳидаро якчанд маротиба иҷро карда метавононд. Бо дастрас намудани мизи «Пирогов» омӯзгорон ва донишҷӯён ба усулҳои муосири омӯзиши анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ, гистология, патология ва ҷарроҳия дастрасӣ пайдо намуданд, ки ин дар раванди таълимдиҳии фанҳои мазкур имкониятҳои зиёдеро фароҳам намуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"