image

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ дар қисмҳои низомӣ доир гардид

date_range21.11.2023, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye284

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон аз ҷониби сохтору мақомоти марбута пайваста чорабиниҳои маърифатӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстона ташкил карда мешавад. Бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ва бахши кор бо ҷавонони ноҳия мунтазам тадбирҳои гуногун созмон дода мешавад. Ин навбат чорабинӣ дар қисми низомии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки дигар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия баргузор шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ ширкатдорон аз фаъолияту шароити хизматӣ дидан намуданд. Ширкатдорони ҳамоиш, масъулини сохторҳои дахлдор бо сарбозони қисми низомӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқот доир ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити беҳтар дар қисмҳои низомӣ ва ташакули Артиши миллӣ кишвар баромад намуданд. Таъкид рафт, ки ҳоло дар ҳамаи қисму воҳидҳои низомии кишвар шароити созгори хизмат фароҳам мебошад.

Мавриди зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои ҳамсон барои ҳавасмандии бештари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмат ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҷавонон замина мегузорад. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия минбаъ низ ташкили чунин чорабиниҳоро дар асоси нақшаи мавҷуда ташкил менамоянд. Хонандагон низ аз иштирок дар чунин тадбирҳо хушу қаноатманд буданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"