Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия Open World Astronomy Olympiad-2023 миёни 14 кишвари дунё ғолибият ба даст оварданд
Аз 14-ум то 22-юми ноябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия Open World Astronomy Olympiad-2023 баргузор шуд. Ин олимпиада дар қаламрави федералии Сириуси Федератсияи Россия доир гашта, дар он аз 14 давлати дунё аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Хонандагони тоҷик дар ин олимпиада ғолибиятро ба даст оварда ба ватан баргаштанд.
Дар маросими пешвози ғолибони олимпиада, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандони ғолибон ҳузур доштанд.
Тавре, ки гуфта шуд, Олимпиада дар қаламрави федералии Сириус оғоз ёфт. Дар мусобиқаи зеҳнӣ 79 нафар аз Русия, Перу, Эрон, Беларус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Венесуэла ва ҳафт кишвари дигар дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат намуданд. Олимпиадаи мазкур дар чор давр: давраҳои мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва экспресс - тур баргузор шуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар аз «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, сазовори 3 чойи ифтихорй: як ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорй гардиданд. Ин маротибаи аввал аст, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни астрономия Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Ғолибони олимпиада ҳамчунин аъзои маҳфилҳои фаннии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки 24 - уми октябр МД "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо" даври интихобии озмуни Open World Astronomy Olympiad «OWAO-2023» - ро доир намуд, ки дар он 27 нафар хонанда аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок карда, тибқи хулосаи комиссияи озмун 3 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буд.
Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи Open World Astronomy Olympiad «OWAO-2023» то 22 ноябр идома кард. Ғолибон бо медалҳо мукофотонида шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ