image

Рӯнамоии китоби Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик»

date_range22.11.2023, 10:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» муаррифӣ гардид.

Дар китоби мазкур фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида ва он аз 10 мақола иборат аст.

Дар ҳамоиши баргузоршуда, ки муаррифии маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» буд роҳбарони муасисаҳои илмию таҳқиқотии академияи мазкур ва васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Дар ин тадбир масъулин суханронӣ карда, доир ба китоби Пешвои миллат истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик фикру андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла қайд карданд, ки дар китоби мазкур аз соли аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то имрӯз масъалаҳои мухталиф дарҷ гардидааст, ки хонанда бо мутолиа намудани ин китоб ба худ як ҷахон ғизои маънавӣ мегирад.

Дар идомаи ҳамоиш дигар иштирокдорон низ баромад карда, маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"