Саёҳати бошандагони "Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон" ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҷойи таъкид аст, ки бо дастгирии роҳбарияти шаҳр ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марказ шароити зарурӣ барои бошандагон фароҳам шудааст. Бошандагони Марказ аз рӯйи хатсайри муайяншуда нахуст аз Осорхонаи Миллӣ дидан намуданд.
Дар идомаи ҳаракати худ бошандагони марказ ба Боғи Парчами миллӣ омаданд. Ҷойи таъкид аст, ки дар доираи таҷлили ҷашни Парчами миллӣ ба ин макон барои саёҳати омадани бошандагони марказ басо рамзӣ аст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ